6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:14, Душанбе
30.01.2025 17:15

Лахш, Рашт ва Ванҷ. «Тоҷик Эйр» тасмим дорад хатсайри парвозҳоро зиёд кунад

Ширкати «Тоҷик Эйр» тасмим дорад, ки дар соли ҷорӣ парвозҳоро зиёд карда, дар хатсайри Душанбе-Ванҷ-Душанбе, Душанбе-Рашт-Душанбе, Душанбе-Лахш-Душанбе ба мусофирон хизмат намояд.

Бояд гуфт, ки   ширкати «Тоҷик Эйр» чанде пеш парвозҳоро тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе, Душанбе-Кӯлоб-Душанбе ва Душанбе-Панҷакент-Душанбе роҳандозӣ карда буд. Дар ин хусус, Парвиз Шодмонзода, директори ширкати мазкур зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки давоми чор моҳи соли 2024 ширкат дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе 29 парвоз анҷом дода, дар маҷмуъ ба 981 мусофир хизмат расонидааст.

Дар нишаст гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир ширкати «Тоҷик Эйр» ба мусофирон танҳо бо як ҳавопаймои АН-28 (ЕУ-28736) хизмат мерасонад, аммо масъулин афзуданд, ки пас аз таъмир ду ҳавопаймои дигар низ ба хатсайрт мебароянд.

Тибқи иттилои масъулин бо мақсади осон кардани сафари сокинону меҳмонони кишвар ба минтақаҳои дурдасти гуногун парвозҳои дохилӣ роҳандозӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати “Тоҷик Эйр” 3-юми октябри соли 2024 дар хатсайри Душанбе-Хоруғ, 15-уми январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб ва 24-уми январи соли ҷорӣ дар масири Душанбе-Панҷакент парвозҳои мунтазамро оғоз кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.