6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:14, Душанбе
29.01.2025 17:05

Метрои Душанбе. Оғози сохтмони он маълум нест

Бо вуҷуди он ки чанде пеш хабарҳо дар мавриди оғози корҳои сохтмонии метро дар Душанбе нашр шуда буданд, аммо имрӯз Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар ин бобат сухан гуфтан барвақт аст.

Ба  иттилои вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир таҳияи таҳлили пешакии техникию иқтисодии метро идома дорад, ки дар назар аст моҳҳои март – апрели соли ҷорӣ ба анҷом расад.  Ӯ афзуд, ки пас аз ин, лоиҳаи муфассали сохтмони метро омода хоҳад шуд.

Дар идома илова кард, ки “вақте ки ҳоло таҳлили техникию иқтисодӣ надорем, чӣ гуна метавонем дар бораи муҳлати сохтмон сухан ронем?”

Бино ба маълумоти Вазорат дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони се хатти метро мавҷуд аст – аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт.

Маврид ба зикр аст, ки метрои Душанбе бо кумаки молиявии Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад. Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад ва он зеризаминӣ мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.