Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Маросими савганди Доналд Трамп дар фазои баста ва бо ҳузури миллиардерҳои номӣ баргузор шуд
Доналд Трамп, рӯзи 20-уми январи соли 2025 ба ҳайси 47-умин президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико савганд ёд карда, ба кор оғоз кард.
Доналд Трампи 78 – сола, президенти ИМА соати 12, ба вақти Вашингтон бо сабаби сармои шадид дар дохили бинои Конгресс савганди вафодорӣ ёд кард.
Пас аз маросими расмии адои савганд Доналд Трамп ва муовинаш Ҷей Вэнс расман кори худро оғоз намуданд. Давраи президентии Ҷо Байден ба поён расид.
Дар маросими савгандёкунии Доналд Трамп миллиардерҳои машҳури амрикоӣ, хонаводаи Доналд Трамп, президентҳои собиқи Амрико ва дигар чеҳраҳои машҳури сиёсати ин кишвар ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, ки барои таъмини амният 4 ҳазор неруи полис, наздик ба 8 ҳазор неруи горди миллӣ дар шаҳри Вашингтон ҳузур доштанд. Тайи чанд даҳаи ахир аввалин бор аст, ки маросми савгандёкунии президенти ИМА дар фазои баста доир мегардад.
Бо оғози фаъолияти кории президенти тозаинтихоби ИМА, саҳифаи расмии Кохи сафед бо нашри акси Доналд Трамп бо навиштаи “Амрико бозгашт” тағйир кард.
Доналд Трамп дар аввалин суханрониаш ба унвони президенти тозаинтихоб гуфт, ки давраи тиллоии Амрико оғоз шуд.
“Аз ин лаҳза ба баъд фурӯпошии Амрико ба поён расидааст. Худо манро наҷот дод, то дубора ба Амрико азамат бидиҳам. Барои мардуми Амрико имрӯз рӯзи озодӣ аст. Даврони тиллоии Амрико аз ҳамакнун оғоз мешавад”- гуфт Доналд Трамп.
Вай бар хилофи президентҳои собиқи Амрико, ки дар замони вогузории курсии президентӣ суханронии умумӣ ва ҳамгироёна анҷом медиҳанд, шадидан аз ҳукумати Ҷо Байнден интиқод кард. Вай сиёсатҳои Ҷо Байденро барои ИМА фоҷеа хонду гуфт: “Нахустин авлавияти ман ин аст, ки миллате озод дошта бошем. Мардуми мо дар балоҳои табиӣ хисоратҳои зиёде диданд. Дар марзҳои ҷанубӣ вазъияти фавқулода эълон мекунам. Ҳама вуруди муҳоҷирони ғайриқонуниро манъ ва миллионҳо муҳоҷири ғайриқонуниро бо сиёсати дар Мексика бимонед, оғоз мекунам. Низомиёнро ба марзи Ҷанубӣ мефиристем.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад