Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Шветсария қисман дороиҳои Алишер Усмоновро озод кард
Котиби давлатии Шветсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) қисман озод шудани дороиҳои масдудшудаи вобаста ба соҳибкори Русия Алишер Усмоновро тасдиқ кард.
ВАО иттилоъ медиҳад, барои пардохти нигоҳдории амволи ғайриманқул дар Англия ва ду чархбол дар Фаронса беш аз 6,5 миллион евро ҷудо карда шудааст.
Маблағҳо барои пардохти ҳисобнома-фактураҳо, ки бар асоси шартномаҳои қабл аз мусодира баста шудаанд, пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, тақрибан 4, 2 миллион евро барои нигоҳ доштани шарикон сарф мешавад. 2, 4 миллион еврои дигар барои нигоҳдории чархболҳо масраф мешавад, ки дар сурати пардохт накардани маблағ метавонад яке аз онҳо мусодира шавад.
Вакили дифои Усмонов таъкид кард, ки чархболҳо ва амволи ғайриманқул ба трестҳои солҳои пеш таъсисёфта тааллуқ доранд ва таҳти назорати соҳибкор ва наздикони ӯ нестанд.
Профессор Виктор Винклер, коршиноси таҳримҳо қайд кард, ки чунин тадбирҳо ба қонун мувофиқат мекунанд ва аз хароҷоти изофӣ барои андозсупорандагон ҷилавгирӣ менамоянд. Тавре дар Амрико мушоҳида мешавад, нигоҳдории амволи мусодирашуда аз қабили яхтаҳо ҳамасола ба буҷа миллионҳо доллар зарар марасонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад