


Рӯзномаи покистонӣ: “Иттиҳоди Толибон бо Ҳиндустон дигар як роз нест”

Толибон дар як сол 22 расонаро баста ва 50 рӯзноманигорро боздошт кардаанд

Русия то ба ҳол омода нест Толибонро аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кунад

Акрам Имомоғлу, рақиби Эрдуғон ва раиси шаҳри Истанбули Туркия боздошт шуд
01.11.2024 11:05
Бразилия аз тарҳи “Як камарбанд, як роҳ”-и Чин хориҷ шуд
Эълони ин тасмим дар ҳоле сурат мегирад, қарор аст, рӯзҳои наздик Си Ҷинпин ба Бразилия сафар кунад.
Аморим Селсу, мушовири асосии президенти Бразилия гуфта, ки кишвараш ба тарҳи бузурги чандмиллиарддоллара намепайвандад. Ин тарҳ дар ҳоле эълом мешавад, ки Си Ҷинпин – раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор аст, 20-уми ноябр ба Бразилия сафар кунад.
Дар солҳои охир чандин кишвар аз пайвастан ба тарҳи “Як камарбанд, як роҳ” хориҷ шуданд.
Италия ва Ҳинд ду кишваре ҳастанд, ки аз пайвастанд ба тарҳи мазкур худдорӣ карданд.
Феълан тарҳи “Як камарбанд, як роҳ”, ки пуштибони асосиаш Чин аст, дар рӯйи миз буда ва ба таври ҳамаҷониба мавриди пазириши кишварҳо қарор нагирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
20.03.2025 16:33
“Наврӯз вифоқи фаромарзӣ” бо ширкати меҳмонҳои вижа аз Тоҷикистон дар Қазвини Эрон баргузор мешавад
Раиси Кумитаи гардишгарии палатаи савдои вилояти Қазвини Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки ҷашни “Наврӯз вифоқи фаромарзӣ” бо ширкати меҳмонҳои вижа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
20.03.2025 16:07
Дар рӯзи 3-юми ҳамлаҳои хунини Исроил ба Ғазза 710 фаластинӣ кушта шуданд
Дар рӯзи сеюми ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Исроил, минтақаҳои мухталифи навори Ғазза аз ҷониби ҳавопаймоҳои ин кишвар бомбаборон шуданд.
20.03.2025 15:52
Рӯзномаи покистонӣ: “Иттиҳоди Толибон бо Ҳиндустон дигар як роз нест”
Рӯзномаи “Express Tribune”-и чопи Покистон гурӯҳи террористии Толибон ва Ҳиндустонро дар ҳамдастӣ ва халалдор кардани амнияти Покистон муттаҳам кардааст. Рӯзнома бо ишора ба ҳамлаи маргбор ба қатора дар вилояти Балуҷистон навишта, ки Толибон дар доираи тарҳи Ҳиндустон барои қонунӣ сохтани ҳаракатҳои ҷудоихоҳонаи балуҷҳо фаъолият мекунанд.
20.03.2025 15:22
Аббос Ирқочӣ дар Наврӯз ба Сироҷиддин Муҳриддин саломативу муваффақият ва ба мардуми тоҷик пешрафту сарфарозӣ орзу кард
Вазири корҳои хориҷии Эрон Сайидаббос Ироқчӣ фаро расидани Наврӯзро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин табрик гуфтааст.

20.03.2025 12:21
Толибон дар як сол 22 расонаро баста ва 50 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
Маркази хабарнигорони Афғонистон дар гузориши солонаи худ гуфт, ки дар соли 2024 нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва расонаҳо 24% афзоиш ёфтааст. Ин марказ таъкид кард, ки дар соли ҷорӣ 172 мавриди нақзи ҳуқуқ, аз ҷумла қатъи фаъолияти 22 расона ва боздошти 50 рӯзноманигор аз сӯйи Толибон сабт шудааст.
20.03.2025 12:08
Русия то ба ҳол омода нест Толибонро аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кунад
Бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти Кремлин, Русия то ба ҳол омода нест, ки гурӯҳи террористии Толибонро аз рӯйхати ташкилотҳои террористӣ хориҷ кунад. Тақрибан ду моҳ қабл, Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия фармонеро имзо кард, ки тибқи он ҳузури Толибон дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ муваққатан бозбинӣ карда мешавад.
20.03.2025 11:57
Акрам Имомоғлу, рақиби Эрдуғон ва раиси шаҳри Истанбули Туркия боздошт шуд
Мақомоти прокуратураи шаҳри Истанбул Акрам Имомоғлу, раиси шаҳри Истанбул ва номзад ба мақоми президентии соли 2028-ро ба иттиҳоми фасод ва ҳамкорӣ бо “як гурӯҳи террористӣ” боздошт кардаанд. Акрам Имомоғлу, роҳбари мухолифони Ҳукумати Туркия бояд рӯзи якшанбеи ҳафтаи оянда номзадиаш барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2028-ро эълон мекард. Мақомоти Туркия дар пайи боздошти Акрам Имомоғлу садҳо нафар тоҷирон ва тарафдорони ӯро низ боздошт кардаанд.
20.03.2025 11:37
Эрон изҳороти Доналд Трампро қотеъона рад ва маҳкум кард
Доналд Трамп бо судури фармони ҳамла ба Яман ба Эрон ҳушдор дод, ки дар сурати ҳимояти ҳусиҳои Яман мавриди ҳамлаи Амрико қарор хоҳад гирифт. Дар вокуниш ба ин таҳдиди президенти Амрико намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид вокуниш нишон дод.
20.03.2025 10:55
Содиқ Имомӣ эътимодномаи сафириашро ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон супорид
Содиқ Имомӣ сафири тозатаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар як маросими вижа нусхаи эътимодномаи сафириашро ба президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон супорид.
19.03.2025 15:57
Тамоси тӯлонии Путин ва Трамп. Аз оташбаси 30-рӯза, қатъи ҳамла, табодули асирон то баҳси Эрону нобудии Исроил
Дар тамоси тӯлонии телефонии Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ва Доналд Трамп дар рӯзи 18-уми март масъалаи қатъи ҷанг, озод намудани асирон ва қабули оташбаси 30-рӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт.
19.03.2025 15:30
Толибон ба Путин: “Нигаронӣ беасос аст, Афғонистон ба кишварҳои шимолӣ таҳдид эҷод намекунад”
Як масъули гурӯҳи террористии Толибон баъди изҳороти Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия гуфт, ки нигаронӣ дар мавриди сарчашмаи таҳдид будани Афғонистон беасос аст ва Афғонистон ба кишварҳои шимолӣ таҳдид эҷод намекунад.
19.03.2025 12:32
Нигаронии Владимир Путин аз таҳдидҳои амниятӣ аз хоки Афғонистон
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия рӯзи душанбе дар ҷараёни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва гуфт, бо назардошти таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сарчашма мегиранд, Русия наметавонад нисбат ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бетафовут бошад.