Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ Кӯдакистони “Маҳдия”-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук” мавриди истифода қарор дода шуд
Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Дар Ноҳияи Шаҳринав фабрикаи паррандагон сохта мешавад
Дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти ба номи а. Акрамаи Ҳасановаи Ноҳияи Шаҳринав барои парвариши 200 ҳазор мурғи гӯштӣ фабрикаи паррандагон сохта мешавад.
Лоиҳа аз ҷониби филиали корхонаи паррандапарварии "Агрофирма" амалӣ карда мешавад, ки дар ин бора дар мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии Ноҳияи Шаҳринав хабар дода шудааст.
Соли 2022 марҳилаи аввали сохтмони фабрика барои парвариши 50 ҳазор мурғи гӯштӣ ба анҷом расид. Корхона дар майдони умумии 4 гектар паҳн шуда, бинои асосӣ 0,80 гектарро ишғол мекунад ва аз се сехи ҷудогона иборат аст.
Ду сехи дуошена бо услуби муосир сохта шуда, бо технологияҳои пешрафта барои парвариши ҳар кадоме 50 ҳазор мурғи гӯштӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Тибқи нақша, корхонаи паррандапарварӣ дар мӯҳлати муқарраршуда сохта мешавад ва бо таҷҳизоти зарурӣ барои парвариши мурғ муҷаҳҳаз карда мешавад, илова бар ин, пас аз ба кор даровардани 30 нафар сокинони маҳаллӣ кори доимӣ мегиранд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад