13 Октябр 2026,
сешанбе, 10:12, Душанбе
13.10.2026 09:26

Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе аз соати 09:00 то 17:00 дар баъзе кӯчаҳо эҳтимолан неруи барқ қатъ карда мешавад.

Дар ин бора Шабакаи тақсимоти барқи шаҳри Душанбе хабар дода, гуфтааст, ки тасмими қатъи неруи барқ дар баъзе кӯчаҳои ин ноҳияҳо барои корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон гирифта мешавад.

Бар асоси иттилои манбаъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар кӯчаи Умари Хайём, инчунин, дар маҳаллаҳои Сурхоб, Зафаробод ва Зайнаббибӣ неруи барқ қатъ карда мешавад.

Дар ноҳияи Сино дар кӯчаҳои Нусратулло Махсус, Зарафшон, Испечек, Қазоқон ва Н. Зафар неруи барқ қатъ карда мешавад. Масъулони соҳа таъкид намудаанд, ки вобаста ба ҷараёни корҳои таъмирӣ, интиқоли неруи барқ дар баъзе минтақаҳо метавонад қабл аз муҳалати таъйиншуда дубора барқарор шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.