Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд
Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз 5-ум то 9-уми октябр Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо касби 16 медал (6 тилло, 5 нуқра, 5 биринҷӣ) ва дар умум 35 мукофот (бо назардошти ҷоизаҳои махсус) ҷойи якумро ишғол намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷавонони соҳибистеъдоди аз 10 то 25-сола аз 9 давлат Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳунару маҳорати худро нишон доданд.
“Иштирокчиён давоми панҷ рӯз аз рӯйи 10 номинатсияи асосӣ, аз ҷумла фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ ва халқӣ, сарояндагии академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ, рақси халқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳорати худро ба намоиш гузоштанд”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд