Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
9-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, терминали нави байналмилалӣ бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта шуда, дар як сол ба 8,5 миллион мусофир хизматрасонӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки муҳлати сохтмони бино якуним сол муайян гардида, он бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва ҷалби садҳо мутахассиси ботаҷриба бунёд мегардад.
“Аснои шиносоӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти фурудгоҳ ва дигар шахсони масъул супориш доданд, ки корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, терминали нав дар муҳлати муайяншуда бунёду ба истифода дода шавад”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд