Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
8-уми октябр дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ гала-консерти ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки дар гала-консерти ҷамъбастӣ ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳои гуногуни Бозиҳои XX-уми Делфӣ бо барномаҳои рангини ҳунарӣ баромад карданд.
“Барномаи консертӣ таҷассумгари дӯстии фарҳангӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд. Иштироки намояндагони кишварҳои гуногун дар чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, рушди ҳамкориҳои ҷавонон ва муаррифии дастовардҳои санъати миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки Бозиҳои Делфӣ яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ барои муаррифӣ ва рушди истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба шумор рафта, барои иштирокчиён имконият фароҳам меоранд, ки маҳорати касбӣ ва ҳунарии худро нишон дода, бо намояндагони дигар кишварҳо табодули таҷриба намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд
Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд