6 Октябр 2026,
сешанбе, 22:21, Душанбе
06.10.2026 16:31

Аз 2 миллион то 50 миллиард расид. Дана Уайт арзиши UFC-ро гуфт

Дана Уайт, роҳбари ташкилоти UFC дар як мусоҳиба гуфт, ки ҳоло UFC тахминан 50 миллион доллар арзиш дорад.

“Ман UFC-ро ду миллион доллар харида будам. Ростӣ, он вақт таваҷҷуҳ ба муҳорибаҳои омехта кам буд ва ин бизнесро пеш бурдан на чандон фоидаовар менамуд. Инак, бо гузашти солҳо таваҷҷуҳ зиёд гардид ва арзиши ташкилот ҳоло 50 миллиард доллар мебошад”.

Ҳоло дар ташкилоти UFC беҳтарин размкорони дунё рақобат мекунанд ва ҳар сол зиёда аз 40 мусобиқа гузаронида мешавад. Мавқеи UFC дар миёни дигар ташкилотҳои ташкилкунандаи муҳорибаҳои омехта хеле баланд аст ва барои шартномаи онро ба даст овардан варзишгарон хеле кӯшиш мекунанд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳоло се размкор Нурулло Алиев, Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар ташкилоти UFC баромад мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.
06.10.2026 17:04

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд

Бодшоҳ Соҳӣ, шаҳрванди 21-солаи Афғонистон ва сокини Арлингтон дар иёлати Техаси Амрико, ба далели тавлид ва нигаҳдории муҳтавои ҷинсии марбут ба кӯдакон, ба 35 сол зиндонии федералӣ маҳкум шудааст.
06.10.2026 11:27

53 дарсади украинҳо мегӯянд Зеленский бояд танҳо як давра президент бошад

Натиҷаи як назарсанҷии тоза дар Украина нишон медиҳад, ки 53 дарсади сокинони ин кишвар мехоҳанд давраи раёсати ҷумҳурии Владимир Зеленский ба ҳамин давраи кунунӣ маҳдуд шавад. Яъне, беш аз нисфи пурсидашудагон намехоҳанд ӯ дар интихоботи баъдии президентӣ ширкат кунад.