Дар даври сеюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 довталаб иштирок мекунад
Аз 2 миллион то 50 миллиард расид. Дана Уайт арзиши UFC-ро гуфт
Игор Ангеловский: “Нисбат ба мо қарори ноадолатона қабул шуд”
Огоҳӣ: дар баъзе минтақаҳо сел ва дар бархеи дигар хокбориш пешгӯӣ мешавад
Игор Ангеловский: “Нисбат ба мо қарори ноадолатона қабул шуд”
Имрӯз, 6-уми октябр мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Чин бозии дӯстона баргузор мекунад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Чин дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин соати 19:35 ба вақти маҳаллӣ (16:35 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Гуфта мешавад, ки қабл аз ин мунтахабҳои Тоҷикистону Чин панҷ маротиба бо ҳам рақобат кардаанд, ки дар се бозӣ тими миллии Чин ғолиб гардидаву ду бозӣ мусовӣ шудааст.
Дар ин росто, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский интизориҳояшро аз бозии дӯстона бо мунтахаби Чин чунин баён кард: “Дар ду бозии охир мо аз нигоҳи оморӣ ва тактикӣ дар сатҳи рақибонамон қарор доштем. Дар бозӣ бо Фаластин мо ба натиҷаи мусбат наздик будем, аммо корти сурхи беасос сохтори баромади моро комилан вайрон кард. Бачаҳо бо ҷидду ҷаҳд мубориза бурданд, вале нисбати мо беадолатона қарор қабул шуд”.
Ҳамчунин, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев дар бораи омодагии даста ба бозии дӯстона иброз дошт: “Пас аз бохт аз Фаластин, ки ба он сазовор набудем, хулосаҳои зарурӣ баровардем. Ҳоло бояд ба пеш ҳаракат кунем. Ба фикрам, моро бозии ҷолибе бар зидди Чин интизор аст. Онҳо дастаи хуб доранд ва бо услуби хоси худ бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ аз нигоҳи омодагӣ барои мо аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, мехоҳем бозии арзанда нишон дода, ба натиҷаи мусбат ноил шавем”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кимиё Хотун: духтари Мавлоно ё зани фаромӯшшуда. Издивоҷи ӯ бо Шамси Табрезӣ ба як “сирри таърихӣ” табдил ёфт?
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”