Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Дар Тоҷикистон машқҳои муштараки низомии Русия ва Тоҷикистон оғоз гардид. Ин машқҳо дар Пойгоҳи Лоҳур баргузор шуда, рӯзи 2-юми октябр ба поён расид.
Дар ин машқҳо воҳидҳои неруҳои мусаллаҳи ду кишвар ширкат доштаанд. Ҳадафи асосии он такмили ҳамоҳангии неруҳо дар вақти иҷрои вазифаҳои муштараки низомӣ аст.
Дар маросими оғози машқҳо парчамҳои Русия ва Тоҷикистон барафрохта шуданд ва сарбозони ду кишвар бо гузашти низомӣ ширкат карданд.
Дар маросими ифтитоҳи машқҳои низомӣ атташеи дифои сафорати Русия дар Тоҷикистон контр-адмирал Влячеслав Хлестов, муовини фармондеҳи Неруҳои хушкигарди Тоҷикистон, генерал -майор Ҳамроз Хушдилзода ва фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Русия полковник Игор Будишкин ширкат доштанд.
Дар ҷараёни машқҳои низомӣ низомиён амалиёт дар минтақаҳои наздимарзӣ, муҳосираи як маҳалли аҳолинишин ва ҳамлаи воҳидҳои ҳуҷумӣ дар муҳити шаҳрӣ ва минтақаҳои кушодро тамрин намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Русия ҳар ду узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ мебошанд. Машқҳои Лоҳур машқҳои дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон хориҷ аз чорчӯби СААД аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Президенти кишвар ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд
Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”