Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Туркманистон рафтанд
Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд
Президенти кишвар ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абу Аманӣ
Боздиди Пешвои миллат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони Файзобод
Имрӯз, 21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар намоишгоҳ маҳсули меҳнати сокинони ноҳия аз қабили сабзавоту анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консерва, полезӣ, ғалладонагию лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар маъраз буд.
Гуфта мешавад, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Файзобод бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 11 ҳазору 370 гектар расонидаанд. Дар ин раванд ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладона, лӯбиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими ноҳия барои парвариши онҳо мусоид мебошад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шудааст.
“Дар баробари маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия низ ба таври густурда пешниҳод гардид. Анвои гуногуни нон, фатир, кулча ва таомҳои суннатӣ, ки бо завқи хос омода ва оро дода шуда буданд, бозгӯи ҳунари волои мардум, завқи баланди занону модарон ва заҳмати аҳлонаи онҳо мебошанд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
Хадамоти алоқа ва ЮНИСЕФ масъалаи ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамиро баррасӣ карданд
Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Туркманистон рафтанд
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод