Дар Душанбе аз як шаҳрванди хориҷӣ 386 грамм маводи нашъадор дарёфт гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
Ду бохти пайи ҳам дошт. Муҳаммад Наимов аз UFC хориҷ карда шуд
"Реал" ғалаба кард, аммо сармураббӣ мусоҳиба надод
Дарёфту мусодираи 2000 қуттича тамокуи «MILANO LONDON»
Кормандони Шуъбаи Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Чорбоғи шаҳри Душанбе миқдори зиёди маҳсулоти тамокуии ғайриқонуниро ошкор намуданд.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи шахсии худ навиштааст, ки ҳангоми санҷиш аз бағоҷи автомошинаи тамғаи «Toyota Sienna» 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт гардид.
Гуфта мешавад, ки дар ҳар як қуттӣ 50 баста (блок) ва дар маҷмуъ 2000 қуттича тамокуи тамғаи «MILANO LONDON» истеҳсоли Амороти Муттаҳидаи Араб дарёфту мусодира гардид.
Муайян шудааст, ки маҳсулоти мазкур бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ ва бе тамғаҳои аксизӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст.
Санҷиш маълум кардааст, ки тамокуҳои ошкоршуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Муҳаммадолим Тоирович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд тааллуқ доранд.
Номбурда дар баёноти худ зикр намудааст, ки ин маҳсулоти тамокуиро аз як шахс ба ивази қарз ба маблағи 1500 доллари ИМА қабул карда, бо мақсади фурӯш ба шаҳри Душанбе интиқол додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”