Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”
Покистон: Беш аз 20 000 террорист дар Афғонистон паноҳ гирифтаанд
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён номаи тасалият фиристоданд
Шоми 1-уми март Сафорати Эрон дар Душанбе дар саҳифаи телеграмии худ иттилоъ дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бинобар куштори раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманаӣ ва ҷамъи аз масъулини давлатӣ ва фармондеҳони низомии Эрон изҳори тасалият намудаанд.
Дар номаи Сарвари давлат омадааст, ки “Ин талафоти бузургро ба ҷаноби олӣ (Масъуд Пизишкиён) ва миллати шарифи Эрон таслият мегӯям”.
Ҳамчунин, тавре ки Сафорати Эрон дар Душанбе зикр кардааст, дар номаи тасалияти Роҳбари давлат омадааст, ки “дар ин рӯзҳои ғамангез, изҳори ҳамбастагии мардуми Тоҷикистонро ба кишвари дӯсту бародари Эрон иброз дошта, аз Худованди Муттаол барои ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар масири раҳмати Илоҳӣ қарор гирифтаанд, талаби мағфират ва барои пайвандони гиромияшон дар ин фоҷиаи ҳавлнок сабру шикебоӣ мехоҳам”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”