13 Октябр 2026,
сешанбе, 01:14, Душанбе
29.10.2025 15:00

Палатаи ҳисоб: Беш аз 22 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои молиявӣ ба қайд гирифта шуд

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи сипаригардида дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 117 чорабинии аудиторӣ гузаронда, 22 ҳазору 134 ҳолати вайронкунии қоидаҳои молиявӣ муайян кардааст, ки маблағи умумии онҳо 989,6 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 584,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра вайронкунии қоидаҳои низоми молиявӣ дар 19 ҳазору 287 ҳолат ба маблағи 292,0 млн сомонӣ ва вайронкунии қоидаҳои молиявии хусусияти расмидошта дар 2 ҳазору 847 ҳолат ба маблағи 697,6 млн сомонӣ муайян карда шудааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, вайронкунии қоидаҳои низоми молиявӣ ба маблағи 285,3 млн сомонӣ, аз ҷумла 276, 6 млн сомонӣ ба буҷет ва 8,7 млн сомонӣ ба корхонаҳо барқарор карда шуд, ки 97,7 дарсади маблағи муайяншударо ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти дастрас, зарфи нуҳ моҳ Палатаи ҳисоб аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории 34 мавод ба маблағи 45,1 млн. сомонӣ барои чораҷӯйӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол кардааст.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 30 хулоса ва мактуб бо 839 тавсия ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо 27 қарору фармон қабул гардида, 177 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шудаанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.
12.10.2026 13:49

Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд

Андрюс Кубилюс, комиссари дифои Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки вақти он расидааст, то Аврупо ва Украина якҷо стратегияи мустақили сулҳро таҳия ва иҷро кунанд. Ин изҳорот дар пайи тағйири мавқеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, дар қиболи Владимир Зеленский, раҳбари Украина, садо додааст.
12.10.2026 13:36

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 иштирок кардаанд, эълон кард.
12.10.2026 12:00

Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро тақим карданд, вале кадом кишвар чӣ қадар мегирад пӯшида боқӣ мондааст

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои тақсими об гуфтугӯ намуда, ба ин натиҷа расиданд, ки барои фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 ҳар кишвар саҳми худ аз дарёҳои Омӯдарё ва Сирдарёро бигирад. Бар асоси иттилоъ, баъди созиши бадастомада ҳанӯз рақами мушаххас нашр нашудааст, ки кадом кишвар чӣ қадар об хоҳад гирифт.