Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Душанбе ва Исломобод дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сайёҳӣ ба созиш расиданд
Дар ҳошияи Форуми сармоягузории сайёҳӣ мақомоти Тоҷикистон ва Покистон бо ҳам гуфтугӯ намуда, дар хусуси сармоягузорӣ ва густариши ҳамокриҳои иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи сайёҳӣ ба созиш расиданд.
Бино ба иттилои расмӣ Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Сардор Ясир Илясхон, мушовири Сарвазири Покистон дидор намуда, масоили иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиш додани гардиши мол ва ҷалби сармояи бахши хусусиро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, ворид кардани технологияҳои нав ва истифода аз имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, энергияи барқароршаванда, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, ки кишвар дорои иқтидори назаррас, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аст, ки барои бозори бузурги Покистон манфиати муштарак дорад.
Сардор Ясир Илясхон барои мусоидат ба густариши робитаҳои миёни соҳибкорони ду кишвар, ташкили чорабиниҳои муштарак ва ҷалби сармояи покистонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳарду ҷониб дар фарҷоми мулоқот изҳори итминон намуданд, ки бо истифода аз заминаҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф тақвият дода, ба таҳким додани робитаҳои дӯстона ва рушди иқтисоди минтақа масоидат хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”