Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Вазири тандурустии Қазоқистон хостори қатъи хушунат бар зидди кормандони тиб шуд
Акмарал Алназарова, Вазири тандурустии Қазоқистон дар паёме ба шаҳрвандон бо нигаронӣ аз афзоиши ҳамла ба кормандони соҳаи тиб хостори қатъи фаврии хушунат бар зидди табибон ва парасторон шуд.
Ӯ дар як навишта дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм, ки рӯзи гузашта нашр шуд, гуфт, “лутфан хушунатро нисбат ба кормандони тиб қатъ кунед”. Ба гуфтаи ӯ, эҳсоси дард, тарс ва таҳқир дар лаҳзаҳое, ки табибон ҷони фарзандону волидонро наҷот медиҳанд, “ғайри қобили қабул” аст.
Вазири тандурустӣ, ки таҷрибаи кори худро ҳамчун парастори таваллудхона ва табибони бемористони кӯдакон ба ёд овард, гуфт: “Нафароне, ки барои наҷоти ҷони инсонҳо фаъолият мекунанд, набояд қурбонии хашми бемавриди ҷомеа гарданд”.
Вазири тандурустии Қазоқистон ба ду мавриди ахири ҳамла ба кормандони тиб дар шаҳрҳои Қарағанда ва Қустаной ишора намуд ва эълон кард, ки то моҳи сентябр лоиҳаҳои тағйироти қонунгузорӣ барои шадидтар кардани ҷазо нисбат ба афроди ҳамлагар ба парлумон пешниҳод хоҳад шуд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, бо ҳамоҳангии Вазорати корҳои дохилӣ қарор шудааст, ки дар бахшҳои қабули беморони фаврии бемористонҳо, марказҳои перинаталӣ ва кӯдакона, пости доимии амниятӣ ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, “ниҳодҳои тиббӣ бояд ба таври зарурӣ бо камераҳои назоратӣ, муҳофизат ва тугмаҳои изтирорӣ таъмин гарданд”.
Ҳамла ба кормандони соҳаи тиб дар солҳои охир дар Қазоқистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ба як мушкили афзоянда табдил ёфтааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад