Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Дипломати қазоқ барои шиканҷаи ҳамсараш шаш сол зиндонӣ шуд
Сакен Мамаш, собиқ мушовири сафири Қазоқистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҷониби суди байниноҳиявии ҷиноятии шаҳри Остона ба гумони шиканҷаи пайвастаи ҳамсараш гумонбар дониста шуда, ба шаш соли зиндон маҳкум гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, Сакен Мамаш бар асоси қисми 2-и моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон гумонбар дониста шуда, ҷазои худро дар муассисаи ислоҳии дорои реҷаи миёна сипарӣ хоҳад кард. Ҳамзамон, бар асоси моддаи 49-и Кодекси ҷиноятӣ суд қарор дод, ки Сакен Мамаш аз рутбаи дипломатии мушовири дараҷаи аввал низ маҳрум шавад. Ҳодисаи фоҷиабор бори аввал дар моҳи майи соли 2024 расонаӣ шуд, вақте Карина Мамаш, ҳамсари ӯ иддао намуд, ки тӯли тақрибан 10 сол пайваста мавриди латукӯб ва зӯроварии оилавӣ қарор мегирифт.
Баъди нашри ин изҳорот мақомоти Қазоқистон Сакен Мамашро аз вазифа фаро хонда, тафтишоти расмиро оғоз намуданд. Дар моҳи июни ҳамон сол Сакен Мамаш ҳамчунин, барои латукӯби хоҳари ҳамсараш ба 15 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд. Моҳи октябри соли 2024 Карина Мамаш расман дар бораи ҷудошавӣ аз шавҳараш хабар дода буд. Парвандаи мазкур боиси таваҷҷуҳи густурдаи ҷомеа ва расонаҳо гардид ва бори дигар мавзуи шиканҷа ва зӯроварӣ дар муҳити дипломатиро ба сатҳи муҳокимаи миллӣ матраҳ кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад