5 Октябр 2026,
душанбе, 20:26, Душанбе
08.07.2025 11:55

Трамп ба маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп бо содир кардани як қарор расман эълон кард, ки аз 1-уми августи соли 2025 ба воридоти тамоми молҳои истеҳсолии Қазоқистон боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми 25% ҷорӣ мекунад. Ин иқдом, ба гуфтаи ӯ, посух ба “сиёсати нобаробарии тиҷоратӣ ва мавҷудияти монеаҳои гумрукӣ ва ғайригумрукӣ аз ҷониби Қазоқистон” аст.

“Мо солҳо талош кардем, то муносибатҳои тиҷоратиро бо Қазоқистон баррасӣ ва тавозуни тиҷоратиро барқарор кунем. Аммо, мутаассифона, ин робитаҳо то ҳол ба манфиати дуҷониба табдил нашудаанд”- зикр намуд Доналд Трамп

Амрико ҳамчунин, боҷи 25% барои Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва Малайзия 30%, барои Африқои Ҷанубӣ, Ветнам, Лаос ва Мянма 40% ҷорӣ мекунад. Ҳамаи ин тадбирҳо ба гуфтаи Вашингтон бо ҳадафи “муҳофизат аз манфиатҳои миллӣ ва барқарор кардани тавозуни савдо” роҳандозӣ мешавад.

Президенти Амрико, ҳамчунин, таҳдид кард, ки агар кишварҳо дар посух ба ин иқдомҳо чораҳои ҷавобӣ андешанд, Амрико метавонад мизони боҷи гумрукиро боз ҳам боло барад. Ӯ таъкид кард, ҳар кишваре, ки ба сиёсати “зиддиамрикоӣ”-и гурӯҳи БРИКС ҳамроҳ мешавад, инчунин, бо боҷи иловагии 10 фоиз рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Трамп афзуд, молҳое, ки ба воситаи кишварҳои дигар ба Амрико интиқол меёбанд, бо мақсади гурез аз боҷи баланд низ ба ҳамин андозаи боҷ муқаррар хоҳанд шуд.

Қарори нави Трамп дар пайи мутаваққиф шудани татбиқи пешини боҷи 27%  ба молҳои Қазоқистон, ки дар 2-уми апрели соли 2025 тасдиқ шуда буд, амалӣ мегардад. Он замон, баъд аз эътирозҳо ва нооромӣ дар бозорҳои молиявӣ Трамп иҷрои боҷи навро муваққатан ба таъхир андохта, як сатҳи камтари боҷи 10% -ро муқаррар карда буд. Муҳлати ин таъхир рӯзи 9-уми июл ба поён мерасад.

Ба иттилои вазири молияи ИМА Скотт Бессант агар кишварҳо то 1-уми август дар музокироти тиҷоратӣ бо Вашингтон ба пешрафт ноил нашаванд, боҷи пурра ба таври қатъӣ ҷорӣ карда мешавад. Ҳамзамон, ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ ин боҷи гумрукӣ ба ширкатҳое, ки молҳояшонро дар дохили хоки Амрико истеҳсол мекунанд, таъсир нахоҳад расонд. Амрико изҳор доштааст, ки ҳадафи ин чораҳо “ҳамкориҳои воқеан мутавозин ба манфиати ҳар ду ҷониб” аст.

Ҳанӯз мақомоти Қазоқистон ба ин иқдоми навбатии Амрико расман вокуниш накардаанд, аммо коршиносон интизор доранд, ки он метавонад ба робитаҳои тиҷоратии ду кишвар ва ба воситаи он ба равандҳои транзитӣ ва шарикии минтақавӣ таъсир расонад.

Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон як узви фаъоли ташаббусҳои бисёрҷониба, ба мисли БРИКС, СПЕКА ва ШОС мебошад ва дар соли 2025 кӯшиш дорад, ҷойгоҳи геоиқтисодии худро тақвият бахшад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.