Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Дар авҷи афзоиши нархи гандум. Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд кард
Ҷумҳурии Қазоқистон ҳаҷми содироти гандум ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври назаррас зиёд кардааст. Бар асоси иттилои расмӣ, аз оғози мавсими нави кишоварзӣ, аз сентябри соли 2024 то июни соли 2025, Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 1, 2 миллион тонна гандум фиристодааст. Ин нишондод тақрибан 50 фоиз бештар аз ҳамин давраи соли гузашта буда, як рекорди нав дар самти ҳамкориҳои ду кишвар аст.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон дар изҳороте, ки баъди мулоқоти вазир Айдарбек Сапаров бо сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода пахш кард, гуфт, ки ин афзоиши содирот ба таҳкими амнияти озуқаворӣ дар минтақа мусоидат менамояд ва заминаи рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ дар миёни ду кишварро фароҳам мекунад.
“Қазоқистон омода аст содироти гандумро ба Тоҷикистон боз ҳам бештар афзоиш диҳад, зеро мо дорои логистикаи устувор, бахусус шабакаи қавии роҳи оҳан ҳастем” – гуфт Айдарбек Сапаров.
Бар асоси омори ширкати миллии роҳи оҳани Қазоқистон дар соли 2024 ҳаҷми умумии содироти гандум ба Тоҷикистон ба 1, 3 миллион тонна расид, ки 20 дарсад бештар нисбат ба соли 2023 мебошад.
Тибқи гузориши расонаҳои қазоқистонӣ ин афзоиши содироти ғалладона ба кишварҳои Осиёи Миёна бар асоси талаботи рӯзафзуни бозор ва ташвиқи давлатҳо барои таъмини амнияти ғизоӣ дар минтақа сурат мегирад. Бар асоси омори Вазорати кишоварзӣ Қазоқистон фақат дар соли 2024 содироти умумии гандумашро ба кишварҳои хориҷӣ 35 дарсад зиёд кардааст ва ҳаҷми он ба 7 миллион тонна расидааст, ки қисми зиёди он ба кишварҳои минтақа содир шудааст.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки раванди афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Қазоқистон метавонад ба таъмини суботи бозори озуқавории Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя мусоидат кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад