Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Қазоқистон дар 10 соли оянда 300 ҳазор тонна партовҳои зиёновар ба атмосфераро коҳиш медиҳад
Ҳукумати Қазоқистон мегӯяд, ки ин кишвар бо ҷорӣ кардани технологияҳои нав дар корхонаҳо дар 10 соли оянда ҳадаф дорад, 300 ҳазор партовҳои зиёновар ба атмосфераро коҳиш диҳад.
Дар ин хусус Хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон иттилоъ дод ва гуфт, ки ин кор ба воситаи гузаштан ба технологияҳои нави саноатӣ ва иқтисоди сабз амалӣ хоҳад шуд. Олжас Бектенов, сарвазири Қазоқистон дар Шурои миллии гузариш ба иқтисодӣ сабз стартегияи нави ҳукумат оид ба коҳиш додани партовҳои зиёновар ба атмосфераро муаррифӣ кард.
Корхонаи «Қазахмыс» дар ин ҷаласа дар бораи насби системаҳои ҷамъоварии чанг гузориш дода, таъкид кард, ки насби чунин системаҳо боиси коҳиш додани партовҳои атмосферӣ то 0,1 фоизи ҳаҷми имрӯза хоҳад шуд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар натиҷаи газификатсияи корхонаи мисгудозии Жезқазон ҳаҷми партовҳо 16 фоиз коҳиш хоҳад ёфт. Бо иваз намудани таҷҳизоти системаи хунуккунии об дар корхонаи мисгудозии Балхаш, истеъмоли оби тоза 35 фоиз кам шудааст.
Корхонаи металлургии Уст-Каменоргски ширкати “Қазинк” хабар дод, ки бо роҳандозии иқдомҳои назаррас ҳаҷми партовҳои атмосферӣ аз 69 ҳазор тонна дар соли 2001 то 15 ҳазор тонна коҳиш ёфт. Дар бобари ин, насби таҷҳизоти нав барои коркарди газҳои дорои диоксиди сулфур ва таҷдиди филтрҳои ҷамъоварии заррачаҳои сахт дар назар аст, ки беш аз 108 миллиард танга сарфа шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад