5 Октябр 2026,
душанбе, 20:26, Душанбе
25.06.2025 15:46

Токаев: “Иқтисоди ҷаҳонӣ дар солҳои наздик бо коҳиши суръати рушди 2,9% рӯ ба рӯ хоҳад шуд”

Қосим-Жомарт Токаев дар маҷлиси 37-уми Шурои сармоягузорони хориҷӣ гуфт, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дар солҳои наздик бо коҳиши суръати рушди 2,9% рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, фишорҳои таваррум афзоиш ёфта, занҷираҳои ҷаҳонии таъминот халалдор мешавад ва сатҳи ноустуворӣ дар муҳити соҳибкорӣ боло меравад.

Президенти Қазоқистон афзуд, ки бо ба миён омадани чунин равандҳо муколамаи созандаи байналмилалӣ зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ин таҳдидҳо Қазоқистон тавонист суботи иқтисодии худро ҳифз кунад. Бар асоси омори расмӣ фақат дар панҷ моҳи аввали соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Қазоқистон 6% афзоиш ёфт. Омилҳои асосии рушд соҳаи нақлиёт ва логистика, сохтмон, савдо ва бахшҳои истихроҷу коркарди маъдан аст.

Қосим-Жомарт Токаев ба навсозии инфрасохтори нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, гуфт, ки то соли 2029 Қазоқистон 11 ҳазор километр роҳи оҳанро аз нав таъмир карда, 5 ҳазор километр роҳи нави оҳан бунёд хоҳад кард.

Президенти Қазоқистон ҳамчунин, гуфт, ки кишвараш дар сафи пеши кишварҳои рақамишуда қарор гирифт. Бино ба арзёбиҳои Созмони Милали Муттаҳид Қазоқистон ба қатори 30 кишвари пешрафтаи рақамӣ шомил мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.