5 Октябр 2026,
душанбе, 20:27, Душанбе
24.06.2025 18:13

Дар Қазоқистон як иди нави миллӣ ташкил мешавад

Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки бо пешниҳоди вакилони парлумон як иди нави миллӣ – Рӯзи Тулпарро дар ин кишвар ташкил кунанд. Тулпар як аспи машҳури Қазоқистон аст, ки ба ҳайси намоди миллии ин кишвар шинохта мешавад.

Олжас Бектенов, сарвазири Қазоқистон дар посух ба дархости гурӯҳи вакилони парлумон барои ташкили иди миллии Рӯзи Тулпар хабар дода, гуфтааст, ки ҳукумат дар ин маврид чора мебинад.

Вакилони парлумони Қазоқистон бо нигаронӣ аз вазъи рушди соҳаи аспарварӣ ба ҳукумат муроҷиат карда, як қатор мушкилоти мавҷударо номбар намуданд. Ба гуфтаи онҳо, воридоти гӯшти аспи сифаташ паст, вуҷуд надоштани таҳсилоти касбӣ дар соҳаи аспарварӣ ва зарурати навсозии ипподромҳо масъалаҳои асосии ҳалталаби ин соҳа мебошад.

Вакилон парлумон пешниҳод кардаанд, ки дар саросари кишвар на камтар аз панҷ маҷмааи мусоири асппарварӣ бунёд карда шуда, маблағгузории муассисаҳои илмии соҳавӣ афзоиш ёбад. Ҳамзамон, онҳо ташкил кардани Рӯзи милли Тулпарро ҳамчун ҷашни миллӣ пешниҳод кардаанд.

Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов дар посух ба ин пешниҳод гуфт, ки асппарварӣ дар доираи барномаҳои рушди давлатии маҷмуи агросаноатӣ амалӣ мешавад. Дар панҷ соли охир барои рушди ин соҳа беш аз 9, 4 миллиард танга ҷудо шудааст, ки фақат барои соли равон тақрибан 900 миллион танга пешбинӣ шудааст.

Олжас Бектенов гуфт, ки ба шахсони фаъол дар соҳаи аспарварӣ субсидияҳои сармоягузорӣ то 25% фоиз барои хариди таҷҳизот, ҳамчунин, қарзҳои имтиёзнок ва лизинг барои гирифтани асп ва лавозимот пешниҳод мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.