Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Қазоқистон парвози ҳавопаймоҳоро ба 6 кишвари Ховари Миёна боз дошт
Дар пайи оғоз шудани ҷанги Эрон ва Исроил ва густариши низоъ дар Ховари Миёна мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки парвозҳои мустақими ширкатҳои ҳавоияшон ба шаш кишвари Ховари Миёнаро боз доранд.
Кумитаи авиатсияи граждании Қазоқистон дар ин хусус хабар дода, афзуд, ки бо назардошти вазъияти пуршиддати Ховари Миёна ва сатҳи баланди хатари эҳтимолӣ ин тасмим гирифта шудааст.
“Маъмурияти авиатсионии Қазоқистон парвозҳоро комилан аз қаламрав, дар дохил ва дар наздикии фазои ҳавоии Эрон, Исроил, Сурия, Ироқ, Урдун ва Лубнон то муддати маълум шудани вазъ муваққатан боз медорад” – зикр шудааст дар иттилоияи авиатсияи граждании Қазоқистон.
Тибқи иттилоъ, ин маҳдудияти парвозҳо ба тамоми хатсайри мусофиркашонии доимӣ ва ғайридоимӣ, ҳамлу нақли бор ва рейсҳои техникӣ, ки аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон анҷом дода мешаванд, амалӣ мегардад.
Муқаррароти маҳдудияти парвозҳо аз лаҳзаи расман дастрас шудан мавриди амал қарор мегирад ва иҷрои он ба ҳама ширкатҳои ҳавоии Қазоқистон ҳатмӣ мебошад. Дар сурати тағйир ёфтани вазъ мақомоти Қазоқистон дар хусуси бекор кардани маҳдудияти парвозҳо иттилоъ хоҳанд дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад