Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Мирвайс Азизӣ, миллиардери афғон дар бахши сохтмони Қазоқистон 3 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад
Мирвайс Азизӣ, миллиардери афғон ва муассиси ширкати “Azizi Group” дар сафар ба Қазоқистон аз тарҳи сармоягузории 3 миллардолларӣ дар бахши сохтмони ин кишвар хабар дод.
Мирвайс Азизӣ рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта гуфт, ки мулоқотҳои алоҳида бо мақомоти калидии ҳукумати Қазоқистон доир намуда, доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ гуфтугӯ кардааст.
Дар ҷараёни сафар ба Қазоқистон раиси ширкати “Azizi Group” бо муовини сарвазири Қазоқистон Мурат Нуртлеу ва вазири корҳои дохилии ин кишвар мулоқот анҷом додааст. Дар мулоқот мақомоти қазоқистонӣ ваъда додаанд, ки ҳукумати Қазоқистон аз сармоягузории ӯ ҳимояти комил мекунад ва ҳамаи шароити зуруриро барояш фароҳам менамояд.
Мирвайс Азизӣ таъкид намуд, ки дар ин сафар бо раисони шаҳрҳои Остона ва шаҳри Алмаато мулоқот анҷом дода, имкониятҳои сармоягузорӣ, шароит ва нақшаҳоро дар бахши сохтмон баррасӣ кардааст.
Бар асоси нақша ширкати “Azizi Group” дар Қазоқистон мақсад дорад, ки 3 миллиард доллар сармоягузорӣ анҷом диҳад. Қисми зиёди ин сармоя барои сохтани баландтарин бино дар яке аз шаҳрҳои Қазоқистон равона хоҳад шуд.
Бо ҳадафи татбиқи лоиҳа гурӯҳи техникии ширкат баъд аз иди Қурбон ба Қазоқистон сафар намуда, корҳои омӯзишӣ ва арзёбии техникиро оғоз кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад