Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Дар Қазоқистон интернети Starlink –и Илон Маск роҳандозӣ мешавад
Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокосмоси Қазоқистон рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ бо ширкати Starlink, ки зери мудирияти ширкати SpaceX –и Илон Маск аст, шартномаи ҳамкорӣ имзо кард. Тибқи ин шартнома фурӯши расмии терминалҳои интернетии спутникӣ дар Қазоқистон дар нимаи сеюми соли 2025 оғоз мешавад. Минбаъд шаҳрвандон метавонанд ин терминалҳоро ба шакли қонунӣ харидорӣ намуда, истифода баранд.
Жаслан Мадиев, вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокосмоси Қазоқистон гуфт, то ҳол Starlink дар кишвараш фақат дар ҳолати озмоишӣ ва асосан ба мактабҳо интернет медод ва барои мардум дастрас набуд. Аммо ҳоло ширкат ба ҳамаи талаботи қонунгузории Қазоқистон дар соҳаи амнияти иттилоот ва алоқа розӣ шудааст ва дар ҳамин сол ҳамаи чораҳои заруриро анҷом медиҳад, то мардум расман ба интернети спутникӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Вазорат умед дорад, ки бо пайвастшавӣ ба Starlink мактабҳои деҳот, муассисаҳои тиббӣ ва истифодабарандагони интернет аз тариқи дастгоҳҳои мобилӣ ва дигар инфрасохтор дар минтақаҳое, ки ба насби хатҳои оптикӣ мушкил аст, дастрасии босифат ба интернет пайдо мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад