Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Дар Қазоқистон панҷ бонк ба барориши кортҳои криптовалютӣ оғоз кард
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон панҷ бонки бузург Halyk, Forte, Freedom, RBK ва Altyn барои мубодилаи криптовалюта корти бонкӣ роҳандозӣ намуда, дар сафи аввалин бонкҳои иштирокчии лоиҳаи ҷорӣ намудани кортҳои криптоӣ қарор гирифтанд.
Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо биржаҳои криптовалютии дорои иҷозатнома амалӣ мешавад, ки шумораи онҳо дар қаламрави Қазоқистон ба даҳ адад мерасад. Ин биржаҳо дар якҷоягӣ бо бонкҳо ҳуқуқ пайдо намуданд, кортҳое бароранд, ки ба воситаи онҳо истифодабарандагон метавонанд молу хизматрасониҳоро бо танга (асъори миллии Қазоқистон) бо табдили мустақими дороиҳои рақамӣ аз ҳамёни криптоии худ пардохт намоянд.
Барои амалӣ шудани чунин пардохтҳо аллакай дар саросари кишвар иқдомҳо ҷорӣ шудааст, ки он ҳамгироии соҳаи анъанавии молиявиро бо иқтисоди рақамӣ таъмин менамояд. Ин кор бо шарофати сиёсати фаъолонаи Бонки миллии Қазоқистон амалӣ мегардад, ки ба рушди муҳити танзимшаванда барои криптовалютаҳо ва токенҳо нигаронида шудааст.
Дар моҳҳои наздик Ҷумҳурии Қазоқистон ба марҳилаҳои нави рушд дар ин самт омода мешавад. Аз ҷумла барориши стейблкоинҳо (асъори рақамии дорои ҳимояти арзиши миллӣ), аз ҷумла тангаи рақамӣ ва ҳамчунин, пешбурди токенизатсияи дороиҳо дар назар аст. Дар нақша аст, токенҳое, ки бо коғазҳои қимматнок баробар азиш доранд, бароварда шаванд. Инчунин, барои баҳисобгирӣ ва нигаҳдории дороиҳои рақамӣ ва низоми мубодила ва нигоҳдории дороиҳои криптоӣ платформаҳо рушд меёбанд.
Дар сатҳи қонунгузорӣ аллакай тағйиру иловаҳо омода шудаанд, ки заминаи ҳуқуқиро барои муомилоти дороиҳои рақамӣ фароҳам месозанд.
Қазоқистон экосистемаи рақамии устувореро ташаккул медиҳад, ки дар он бонкҳои анъанавӣ, биржаҳои криптоӣ ва танзимгарон дар як самт ба манфиати ояндаи Қазоқистон фаъолият мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад