Дар Душанбе аз як шаҳрванди хориҷӣ 386 грамм маводи нашъадор дарёфт гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
Ду бохти пайи ҳам дошт. Муҳаммад Наимов аз UFC хориҷ карда шуд
"Реал" ғалаба кард, аммо сармураббӣ мусоҳиба надод
Гуселу истиқбол аз берун. Қоидаи нав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Агентии хабарии “Азия-плюс” бо такя ба маълумоти маркази матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар медиҳад, ки аз аввали моҳи май инҷониб бо мақсади риояи қоидаҳои байналмилалии амнияти парвозҳо, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, иҷрои меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тоза нигоҳ доштани фурудгоҳ шахсоне, ки барои гусел ё истиқболи мусофирон меоянд, ба даруни фурудгоҳ даромада наметавонанд.
Бинобар иттилои масъулини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе қарори мазкур ба ҳамаи шаҳрвандон дахл дорад, вале ҳолати истисноӣ низ вуҷуд дошта метавонад.
Зикр мегардад, онҳое, ки одамони имконияташон маҳдуд, беморон ва падару модарони кӯдакони ноболиғро ҳамроҳӣ мекунанд, иҷозаи ба минтақаи гуселу пешвози фурудгоҳ ворид шуданро доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Боздошти зане, ки ба ноболиғон чилими электронӣ мефурӯхт
Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”