Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Форуми расонаии “Чин - Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Остона ба кори худ шуруъ кард
Имрӯз, 29-уми май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон "Форуми расонаҳои Чин – Осиёи Марказӣ - 2025" бо иштироки зиёда аз 250 намоянда аз расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ шуруъ кард.
Дар форум, аз ҷумла намояндагони ВАО-и Тоҷикистон низ иштирок дошта ва дар назар аст аз ҳамкориҳои расонаӣ бо Ҷумҳурии Мардуми Чин ҳадс зананд ва дар бахшҳои гуфтумонии он мавзуи ҳамкории расонаҳои минтақавӣ ва пешрафту мушкилиҳои онро ба баҳс кашанд.
Форум бо номаи табрикотии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардид, ки онро Арман Кирикбаев, мушовири Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба сиёсати дохилӣ ва иртиботот ба самъи иштирокдорон расонд. Ҳамчунин, Евгений Кочетов, муовини Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон дар суханронӣ аз баргузории форуми мазкур ҳамчун ба вуҷуд овардани майдони иртиботот истиқбол кард.
Дар Форум ноиби роҳбари Шуъбаи таблиғоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Хэпин дар суханони ифтитоҳӣ нақши расонаҳоро дар рушди муносибатҳои Хитой бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барҷаста арзёбӣ намуд ва барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи рушди минтақавӣ сардабирони расонаҳоро ба ҳамкории дастаҷамъона даъват кард.
Форуми расонаии “Осиёи Марказӣ – Хитой” ҳоло дар ҳоли баргузорӣ буда, дар назар аст, ки бо баррасии мазуъҳои мухталиф 2 рӯз идома кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад


