5 Октябр 2026,
душанбе, 20:26, Душанбе
26.05.2025 16:50

Соли гузашта Қазоқистон ба 4,6 миллиарл доллар уран содир кардааст

Вазорати тиҷорати Қазоқистон гуфт, ки ин кишвар дар соли гузашта ба 4,6 миллиард доллар уран содир кардааст, ки дар қатори нафт яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ аст. Ин вазорат гуфтааст, ки дар соли гузашта Чин, Русия ва Италия бузургтарин шарикони тиҷоратии Қазоқистон будаанд.

Вазорати тиҷорати Қазоқистон гуфтааст, ки маҷмуи даромади содиротии ин кишвар дар соли гузашта ба 81 миллиард доллар расид, ки нисфи он аз ҳисоби содироти нафт аст. Даромади Қазоқистон аз ҳисоби содироти нафт дар соли гузашта 42,9 фоизро ташкил додааст, ки 52,5 фоизи кулли даромад аз ҳисоби содирот мебошад.

Қазоқистон ҳамчунин, ба 4,6 миллиард доллар уран, ба 4,1 миллиард доллар мис ва ба 3,2 миллиард санги маъдан содир кардааст. Воридоти Қазоқистон дар соли гузашта афзоиш дошта ва муҳимтарин маҳсули воридотӣ мошин дар ҳаҷми 2,3 миллиард доллар будааст. Ҳамчунин, ҳавопаймо ба 1, 8 миллиард доллар, маҳсулоти доруворӣ ба 1,7 миллиард доллар ва таҷҳизоти мухобирот ба ин кишвар ворид шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳо Қазоқистон ба ҳайси муҳимтарин тавлидкунандаи ашёи хоми уран ва таъминкунандаи санъати атомии Амрикову Фаронса дар мавриди таваҷҷуҳи Чин ва Русия қарор гирифта ва ин амр боиси нигаронии Амрикову Фаронса шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.