Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”
Мақомоти Эрон 31 нафарро ба гумони ҳамкорӣ бо Амрико ва Исроил боздошт карданд
Амирхон Мутаққӣ дар нишасти “Формати Маскав” бо Сергей Лавров дидор мекунад
Дар Тоҷикистон 17 иштирокчии ҶБВ зиндагӣ мекунанд
Бар асоси иттилои Шурои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва меҳнат то 1-уми май дар Тоҷикистон 17 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 127 заҳматкашони ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд.
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тақрибан 300 ҳазор сокини Тоҷикистон ба фронт фиристода шуданд, ки барои озодии Ватан мубориза мебурданд. Беш аз 90 ҳазор нафар ҷони худро фидо намуда, ба Ватан барнагаштанд. Наздики 45 ҳазор сокини ҷумҳурӣ ба корхонаҳои минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравии пешин фиристода шуда буданд, ки бисёри онҳо баъдан ба ҷанг сарфарбар гардиданд.
“То 1-уми май дар Тоҷикистон 17 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебарад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар камтар аст ва ҳамчунин, 127 нафар заҳматкаши ақибгоҳ – Рашид Каримов, ки дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, рӯзи 9 –уми май 112 – сола мешавад”- менависад “РИА Новости” ба нақл аз манобеаш дар Тоҷикистон.
Ғафур Шерматов, корманди илмӣ ва номзади илмҳои таърих ба “РИА Новости” гуфтааст, “барои шуҷоат ва қаҳрамоние, ки дар майдони ҷанг нишон доданд, 55 шаҳрванди ҷумҳурӣ унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд, 19 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи III сарфароз гардиданд ва 58 ҳазор нафар бо ордену медалҳои дигар қадрдонӣ шуданд”.
“РИА Новости” навишт, ки ёду гиромидошти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон пос дошта мешавад - ҳам аз ҷонфидоиҳои сарбозон ва ҳам заҳмату кӯшиши заҳматкашони ақибгоҳ, ки ҳамаашон барои ғалаба тамоми қувваи худро бахшида буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”