Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Қазоқистон ба Афғонистон 2200 тонна кумакҳои башардӯстона ирсол кард
Бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ва Покистон расонаҳои қазоқистонӣ хабар доданд, ки рӯзи панҷшанбе 36 мошини боркаш, ки 2200 тонна кумакҳои башардӯстона дошт, аз гузаргоҳи Ҳайратон вориди хоки Афғонистон шуданд.
Кумакҳои ирсолшуда иборат аз равғани растанӣ, орд, биринҷ, хаймаҳои тобистона ва зимистонаву кӯрпаҳо мебошад. Қазоқистон ваъда додааст, ки бастаи таҷҳизоти таъҷилии тиббиро низ ба зудӣ ба Афғонистон фиристад.
Азиз Оқбасов, сарпарасти сафорати Қазоқистон гуфт, ки кишвараш аз мардуми Афғонистон ҳимоят мекунад ва ҳадаф дорад, робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодиро бо ҳукумати Толибон густариш диҳад.
Ӯ таъкид кард, ки кишвараш мехоҳад дар соҳаҳои маъдан, нақлиёт, логистика ва кишоварзии Афғонистон ҳузур дошта бошад.
Тибқи иттилоъ, Серик Жумангарин, муовини сарвазир ва вазири иқтисоди Қазоқистон қарор аст, аз 21-ум то 23-уми апрел бо як ҳайат аз шаҳри Кобул боздид кунад. Дар ҷараёни ин сафар, ӯ бо мақомоти Толибон мулоқот хоҳад кард. Дар ин шаҳр намоиши маҳсулоти қазоқӣ низ баргузор хоҳад гашт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад