Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Фурудгоҳи Остона ва Алмаато беҳтарин фурудгоҳи Осиёи Марказӣ шинохта шуд
Фурудгоҳҳои Қазоқистон - Остона ва Алмаато, ки мавқеи пешсаф дар арсаи байналмилалиро соҳиб гаштаанд, бори дигар барандаи ҷоизаҳои бонуфуз гардиданд. Дар ин хусус, расонаҳои Қазоқистон хабар додаанд.
Фурудгоҳи байналмилалии Алмаато беҳтарин фурудгоҳи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуд. Терминали 2-уми ин фурудгоҳ беҳтарин терминали нави ҷаҳон шинохта шуд.
Майдони ҳавоии байналмилалии Остона ба номи Нурсултон Назарбоев Нурсултон Назарбоев соҳиби ҷоизаи “Skytrax word Airport Awards 2025” дар номинатсияи “Беҳтарин ҳайати кормандон миёни фурудгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ” гардид.
Фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев борҳо дар рейтинги минтақавӣ пешсаф гардида, ба унвони маркази аслии ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст.
Ҷоизаи “Skytrax word Airport Awards 2025” ҳамчун намунаи байналмилалии сифати хизматрасонӣ дар соҳаи авиатсия эътироф шудааст. Он бар асоси пурсишҳои мустақими мусофирон ва тамоми ҷаҳон асос ёфтааст. Ғолибони ҷоиза бар асоси нишондиҳандаҳои асосӣ – роҳат будани мусофир ҳангоми сафар, сифати хизматрасонӣ, сатҳи инфрасохтор ва татбиқи навовариҳо дода мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад