Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Мақоми аввали Қазоқистон дар раддабандии кишварҳои хушбахт миёни кишварҳои ИДМ
Қазоқистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар раддабандии хушбахтӣ дар мақоми нахуст қарор гирифт. Гузориши раддабандии мақоми хушбахтии кишварҳо дар расонаҳои қазоқистонӣ нашр шудааст.
Раддабандии хушбахтӣ дар асоси иттилооти 140 кишвар тартиб дода мешавад ва имсол Қазоқистон аз Русия ва Ӯзбекистон пеш гузаштааст.
Тибқи иттилоъ, дар тӯли 6 соли ахир маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бар ҳар сари аҳолӣ дар Қазоқистон тақрибан ним баробар афзудааст ва умри миёна аз 73 ба 75 сол расидааст. Мизони умумии маргу мир тарқибан 8 дарсад кам шудааст. Маргу мири модарон тақрибан аз 26 % поён рафтааст.
Қазоқистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сарчашмаҳои саршори нафт бархӯрдор аст ва иқтисодаш бар асоси истеҳсолоти манобеи энергетикӣ ва захираҳои камёби зеризаминӣ рушд кардааст. Иқтисоди Қазоқистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рушди босуръат дорад. Баъди президент интихоб шудани Қосим-Жомарт Токаев ислоҳоти густурдаи иқтисодӣ дар ин кишвар анҷом шуд. Қазоқистон ба як қатор кишварҳои аврупоӣ робитаҳои қавии тиҷоратӣ дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад