5 Октябр 2026,
душанбе, 20:26, Душанбе
15.04.2025 14:02

Дар майдони ҳавоии Нурсултон Назарбоев машқҳои зиддитеррористии “Найза-антитеррор 2025” доир мешавад

Маркази зиддитеррористии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи душанбе, 14-уми апрел дар майдони ҳавоии байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоеви шаҳри Остона машқҳои зиддитеррористӣ мегузаронад. Дар ин хусус, расонаҳои Қазоқистон хабар додаанд.

Бар асоси иттилои сомонаи мақомоти шаҳри Остона маҳдудият дар ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ дар идомаи машқҳои низомӣ пешбинӣ шудааст.

Шаҳрдории Остона аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба баргузории чорабинӣ бо дарки масъулият муносибат намоянд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва дастурҳои қонунии кормандони мақомоти давлатиро иҷро намоянд.

Шаҳрдорӣ тавсеа додааст, ки фақат ба манбаъҳои расмии иттилоот такя карда ва аз паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ худдорӣ намоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.