5 Октябр 2026,
душанбе, 20:27, Душанбе
06.03.2025 09:00

“400 иншооти хатарзои обӣ”. Ҷони 1,3 млн нафар дар Қазоқистон дар хатар аст

Мақомоти Қазоқистон баъди санҷиш ва арзёбӣ машаххас кардаанд, ки дар ин кишвар 400 иншооти гидротехникӣ дар ҳолати рахна шудан қарор доранд ва барои 1,3 миллион нафар сокинони ин кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар миёни минтақаҳои хатарнок Остона низ қарор дорад. Дар ин бора раиси Ҳизби аманати Қазоқистон изҳорот додааст.

Дар изҳороти Ҳизби аманати Қазоқистон зикр мешавад, “400 иншооти гидротехникӣ метавонанд боиси зери об мондани зиёда аз 530 маҳаллаи аҳолинишин шаванд, ки дар он ҷо зиёда 1,3 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Масалан, бозсозии садди муҳофизатии шаҳри Остона аз соли 2020 идома дорад ва то ҳол ба анҷом нарасидааст. Масъалаи омодагӣ ба мавсими обхезӣ дар ҷаласаи навбатии кумитаи назорати ҳизбӣ баррасӣ гардид”.

Мақомоти расмии Қазоқистон иттилоъ медиҳанд, ки дар саросари кишвар 1223 маҳаллаи аҳолинишин дар минтақаҳои хатарзо қарор доранд.

Бар асоси маълумоти расмӣ дар қаламрави Қазоқистон 1395 иншооти гидротехникӣ вуҷуд доранд, ки 564-тои он ба таъмир ниёз доранд. 20 адади иншооти гидротехникӣ дар ҳолати фавқулода қарор доранд.

“Дар Атбасар корҳои бозсозӣ дар иншооти обгузар, ки аз соли гузашта тахриб шуда буд, то ҳол анҷом дода нашудааст. Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ бошад солҳои зиёд тоза намудани маҷрои дарёи Есил гузаронида нашудааст. Ва даҳҳо чунин мисолҳо вуҷуд доранд. Мушкил дар набудани захираҳо нест, балки дар идоракунӣ ва масъулият аст. Мо набояд иҷоза диҳем, ки ҳолати соли гузаштаи обхезӣ боз такрор шавад” - гуфтааст раиси Ҳизби аманат, Ержан Жилкибаев.

Таъкид шудааст, ки масъулони вилоятҳо бояд дар кӯтоҳтарин фурсат чораҳои зидди обхезиро амалӣ намоянд.

“Дар навбати аввал бояд шабакаҳои обпарто, ҷӯйборҳо ва низомҳои дренажӣ омода шаванд. Ҳамаи маҳаллаҳои хавфнок бояд бо саддҳо ҳифз шаванд” – ҳушдор додааст Ҳизби аманат.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи назорати ҳизбӣ Павел Казантсев мегӯяд, ки назорат дар ин соҳа бояд пурзӯр карда шавад: “Дар ҳолатҳои буҳронӣ воҳима хатарноктарин чиз аст. Воҳима аз ноогоҳӣ ба вуҷуд меояд. Ё ҳама пароканда мешаванд ва талафот медиҳанд ё муттаҳид мешаванд ва муборизаро мебаранд. Ҳар як нуқтаи назорат бояд вазифаҳои мушаххас дошта бошад, ки ба минтақа ва хатари эҳтимолии он мувофиқат намояд. Дар акси ҳол, ин танҳо гапзанӣ мешавад”.

Павел Казантсев мушкилоти асосиро зикр кардааст, ки инҳоянд: фарсӯдашавии ИГТ, набуди маблағи кофӣ, кам будани ташкилотҳое, ки масъули иншоотҳои коммуналиянд.

Идораи Қазгидромети Қазоқистон мегӯяд, ки минтақаи хавноки обхез вилоятҳои Ақмола, Актобе, шарқи Қазоқистон, ғарби Қазоқистон, Қарағанда, Қостанай ва Қазоқистони Шимолӣ ва инчунин, вилоятҳои Абай ва Ултитау мебошад.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири ҳолатҳои фақулода Батирбек Абдишев гуфтааст, ки барои мубориза бо обхезӣ 13 ҳазор техникаи муҳандисӣ, 20 ҳавопаймо, 4096 таҷҳизоти обкашӣ ва 640 киштӣ омода карда шудаанд.

“Барои эвакуатсияи аҳолии зарардида 2250 адад нақлиёт дар ҳолати омодагии доимӣ қарор дорад. Мо вобаста ба вазъият тадбирҳои фаврии аз байн бурдани ҳолатҳои фавқулодаро анҷом хоҳем дод” – гуфтааст Батирбек Абдишев.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.