5 Октябр 2026,
душанбе, 20:27, Душанбе
04.03.2025 07:24

Қазоқистон шаҳрвандонашро наҷот медиҳад? “Мо дар бораи ҳузури ғайриқонунӣ дар ИМА ҳушдор дода будем”

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки дар бораи ҳузури ғайриқонунии шаҳрвандони худ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дода, аз онҳо даъват намуда буданд, ки аз ин кишвар хориҷ шаванд. Ин масъаларо Алибек Бакаев, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар маҷлиси Сенати ин кишвар баён кард.

Таваҷҷуҳи мақомоти Қазоқистон ба шаҳрвандони худ дар Амрико дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2024 ин кишвар аз депорт кардани 236 шаҳрванди Қазоқистон иттилоъ дода буд.

Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон масъулияти ҳузури ғайриқонунӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба дӯши шаҳрвандон вогузор намуда, таъкид карданд, ки мо аз паёмадҳои эҳтимоли зиндагии ғайриқонунӣ дар ин кишвар ҳушдор дода будем.

“Вазорати корҳои хориҷӣ қаблан шаҳрвандони Қазоқистонро, ки ғайриқонунӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд, дар бораи ихтиёран хориҷ шудан аз ин кишвар огоҳ карда буд. Мо ҳушдор дода будем, ки дар акси ҳол чораҳои муайян андешида хоҳад шуд” – гуфт Алибек Бакаев.

Ӯ афзуд, ки депорт аз сӯйи мақомоти ИМА метавонад боиси манъи доимии ворид шудан ба хоки ин кишвар шавад.

Дар ҳамин ҳол, яке аз масъулони Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров шарҳ дод, ки иттилоъ дар хусуси депорт кардани 369 шаҳрванди Қазоқистон ба тағйироти ахир дар хусуси сиёсати муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рабт надорад.

“Тафтишот нишон дод, ки хабари нашршудаи телевизиони “Фокс Нюз” аз 11-уми декабри соли 2024 тағйирот дар қонунгузории муҳоҷиратро инъикос намекунад. Депортатсия як раванди меъёрист, ки дар тамоми кишварҳо нисбат ба афроде, ки ғайриқонунӣ ҳузур доранд, татбиқ мешавад. Мақомоти давлатӣ уҳдадор нестанд, ки дар чунин ҳолатҳо ба сафорат ё консулгарӣ хабар диҳанд” – таъкид намуд Айбек Смадияров.

Изҳори назари мақомоти Қазоқистон дар хусуси шаҳрвандонашон дар ИМА дар ҳолест, ки чанде қабл Ӯзбекистон таъкид намуд, шаҳрвандонашро ба ватан бармегардонад.

Бар асоси иттилои расонаҳои амрикоӣ шумораи зиёди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯйи Хадамоти муҳоҷирати Амрико боздошт шуда ва ба кишварҳои севум интиқол дода мешаванд. Аз рӯйи шумораҳои нашршуда аз ҳама бештар шаҳрвандони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯйхати  онҳое қарор доранд, ки бояд депорт шаванд.

Доналд Трамп сиёсати бисёр сахтгиронаро бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ин кишвар ба роҳ мондааст. Дар давоми як моҳи ахир, мақомоти амрикоӣ бо ҳавопаймоҳои низомӣ қисми зиёди муҳоҷиронро ба кишварҳои севум интиқол доданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.