Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
2 шаҳрванди Қазоқистон барои таблиғи Ҳаркатии Исломии Ӯзбакистон ба ҳабс маҳкум шуданд
Расонаҳои Қазоқистон хабар медиҳанд, ки як сокини вилояти Жамбили ин кишвар барои таблиғ ва паҳн намудани наворҳои гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла “Бародарони мусалмон” ва “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон” ва як сокини вилояти Туркистон барои таблиғи терроризм боздошт ва ба ҳабс маҳкум шудаанд.
Бар асоси иттилоъ моҳи октябри соли гузашта сокини ноҳияи Жамбил дар телеграми худ ба номи “Барои Ислом” саҳифа боз карда, дар он видеоҳои созмонҳои террористӣ, аз ҷумла “Бародарони мусалмон” ва “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”-ро ғайриқонунӣ бознашр кардааст.
Дар моҳи декабр бошад сокини вилояти Туркистон дар ватсап ва фейсбук видеоҳои вобаста ба созмонҳои экстремистии “Ҳизб-ут-таҳрир” –ро борҳо паҳн намудааст.
“Айбдоркунандагони давлатӣ дар ҷараёни мурофеа пурра гуноҳи судшавандагонро исбот намуда, барои онҳо ҷазои маҳрумият аз озодиро талаб кардаанд. Ба гунаҳкорон барои тарғиби терроризм ҷазои 7 сол маҳрумият аз озодӣ, бо адои ҷазо дар муассисаи низоми иҷрои ҷазои ҳадди аксар таъйин гардид” – шарҳ додааст Прокуратураи Қазоқистон.
Қаблан, дар вилояти Абай низ шахсе барои тарғиби терроризм боздошт ва муҳокима шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад