Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Ҳал шуд. Неругоҳи якуми Қазоқистон дар Алмаато дар муддати 8 сол бунёд мешавад
Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар ниҳоят масъалаи дар кадом минтақа сохтани нахустин неругоҳи атомии Қазоқистонро муайян кард. Бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин неругоҳи атомӣ дар ин кишвар дар ноҳияи Жамбили вилояти Алмаато сохта мешавад. Дар ин хусус, хабаргузории давлатии ин кишвар - “Казинформ” хабар медиҳад.
Қабл аз ин, Ҳукумати Қазоқистон хабар дода буд, ки музокирот оид ба сохтани неругоҳи атомии Қазоқистон бо бархе ширкатҳои пешрафта идома дорад. Мақомоти Қазоқистон он замон гуфта буданд, ки музокироти онҳо бо бархе ширкатҳои таъминкунандаи технологияҳои неругоҳи атомӣ, аз ҷумла Фаронса, Олмон ва Федератсияи Русия идома дорад.
Вазорати энергетикаи Қазоқистон зикр кард, ки сохтмони нахустин неругоҳи атомӣ дар ин кишвар дар муддати 8 сол анҷом меёбад.
Ҳамчунин, Ҳукумати Қазоқистон дар хусуси сохтани неругоҳи дуюми атомӣ дар ин кишвар хабар додааст. Вазири энергетика Алмасадам Саткалиев дар робита ба минтақаи ҷойгиршавии неругоҳи атомии дуюм хабар дод.
“Курчатов ҳамчун яке аз маконҳои ояндадори сохтмони неругоҳи атомӣ баррасӣ мешавад. Умуман, дар мавриди интихоби ҷой комиссия қарор қабул мекунад. Мо таҳлили лозимро анҷом медиҳем “- таъкид кардааст вазири энергетика дар маҷлиси ҳукумат.
Ӯ дар маҷлиси ҳукумат аз супориши президент дар хусуси таъсиси кластери атомиро дар Қазоқистон ёдовар шуда, гуфт: “Барои татбиқи пурраи ин иқтидор сохтмони чанд неругоҳи атомӣ лозим аст. Имрӯз мо супориш гирифтем, ки макони бунёди неругоҳи дуюмро интихоб кунем. Дар интихоби ин макон мо аз баланси энергетикии пишбинишуда, наздикӣ, марказҳои боркашонӣ ва сатҳи рушди шабакаи миллии барқро дар назар мегирем. Мо супориш гирифтем ва тибқи он амал хоҳем кард. Ва шуморо аз ҷараёни кор огоҳ хоҳем сохт” – гуфт Алмасадам Саткалиев.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад