ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад
Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд
Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад
Навоф Убайд, таҳлилгари масоили амниятӣ ва иттилоотӣ мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар марҳалаи аввали нақшаи худ алайҳи Яман ба манобеи барқ ва энержии ин кишвар ҳамла хоҳад кард.
Убайд, пажӯҳишгари меҳмони Коллеҷи Кингс-Лондони Британия, дар мусоҳиба бо шабакаи “Ал-Ҷазира” гуфтааст, ки эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ барои муқобила бо мардуми Яман равиши чандмарҳалаиро дар назар дорад.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоии ахир, амалиёти густурдаи заминии эътилофи Саудӣ ҳанӯз ба таври ҷиддӣ оғоз нашудааст.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки тибқи гузориши расонаҳо артиши Яман дар даргириҳои ҳафтаҳои ахир бо неруҳои мавриди ҳимояти Арабистони Саудӣ пешравиҳои густурда дошта ва онҳоро ба ақибнишинӣ водор кардааст. Ҳамчунин, расонаҳо менависанд, ки артиши Яман бар бахши бузурге аз минтақаҳои ҳаммарз бо тангаи Бобулмандаб тасаллут ёфтааст.
Навоф Убайд аз соли 2004 то соли 2007 мушовири вижаи Туркӣ Ал-Файсал, сафири вақти Арабистони Саудӣ дар Британия ва сипас, Иёлоти Муттаҳида буд. Ӯ ҳамчунин, дар солҳои 2017–2018 ба ҳайси пажӯҳишгари меҳмон дар Маркази Белфер оид ба илм ва умури байналмилалии Донишгоҳи Гарвард фаъолият кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад