13 Октябр 2026,
сешанбе, 11:35, Душанбе
13.10.2026 10:15

Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод

Неруҳои мусаллаҳи Яман эълон карданд, ки як паҳподи навъи “Винг Лунг-2”-ро дар осмони вилояти Саъда, воқеъ дар шимоли ин кишвар, сарнагун кардаанд.

Ба гузориши шабакаи “Ал-Масира”, Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, дар як изҳорот гуфтааст, ки ин паҳпод ҳангоми анҷоми амалиёти душманона дар ҳарими ҳавоии вилояти Саъда ҳадаф қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, паҳпод бо истифода аз силоҳи муносиб сарнагун карда шудааст.

Қаблан низ расонаҳо аз сарнагун шудани як паҳподи дигар дар осмони Санъо, пойтахти Яман, хабар дода буданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.