Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро тақим карданд, вале кадом кишвар чӣ қадар мегирад пӯшида боқӣ мондааст
Путин дар суҳбати телефонӣ бо Трамп гуфтааст роҳи созиш бо Эрон ҳанӯз баста нашудааст
Ҳамлаи мушакии ҳусиҳо ба фурудгоҳи Эр- Риёз. 12 нафар кушта ва 309 нафар захмӣ шудаанд
Ҳамлаи мушакии ҳусиҳо ба фурудгоҳи Эр- Риёз. 12 нафар кушта ва 309 нафар захмӣ шудаанд
Дар ҳамлаи мушакии ҳусиҳои Яман ба майдони ҳавоии байналмилалии Шоҳ Холид ба шаҳри Эр-Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ 12 нафар куштаву 309 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Дар ин хусус, рӯзи 11-уми октябр Агентии кулли авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ хабар дод.
Тибқи иттилоъ, ҳамла рӯзи 10-уми октябр сурат гирифт. Дар миёни афроди кушташуда чор шаҳрванди Арабистони Саудӣ, ду шаҳрванди Бангладеш, як шаҳрванди Амрико, шаҳрвандони Миср, Урдун, Сурия, Фаластин ва Судон мебошанд. Баъзе захмиёни ин ҳодиса дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Эътилофи таҳти роҳбарии Арабистони Саудӣ, ки дар ҷанги Яман ширкат дорад, масъулияти ҳамларо бар дӯши ҳусиҳои Яман гузоштааст. Расонаҳо навиштанд, ки ҳадафи ҳамла яке аз терминалҳои мусофирбарии майдони ҳавоӣ аст.
Баъди ҳамла барои муддате фаъолияти фурудгоҳ муваққатан боз дошта шуда, парвозҳои Эр-Риёз аз дигар фурудгоҳ анҷом дода мешавад. Мақомоти Арабистонӣ Сауди дар бораи хисорати ҳамла ҳанӯз иттилоъ надодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам
Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд