Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”
Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд
Ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ ба шимоли Яман
Манобеи яманӣ аз рух додани чандин инфиҷор дар минтақаҳои шимолии Яман ва наздики марз бо Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Шабакаи “Ал-Масира” субҳи рӯзи сешанбе гузориш дод, ки неруҳои ҳавоӣ ва заминии Арабистони Саудӣ шаҳри Саъда ва чанд минтақаи наздики марзи шимолии Яманро ҳадаф қарор додаанд.
Бар асоси ин гузориш, шимоли шаҳри Саъда чанд бор мавриди ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои Саудӣ қарор гирифтааст.
Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки дар пайи гулӯлаборони тӯпхонаии неруҳои Саудӣ ба ноҳияи марзии Шадо дар вилояти Саъда, як ғайринизомӣ кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст.
Гузоришгари “Ал-Масира” дар вилояти Ҳаҷҷа гуфтааст, тӯпхонаҳои неруҳои Саудӣ деҳаи Ум-аз-Зуҳайро дар ноҳияи Ҳараз ҳадафи гулӯлаборон қарор додаанд.
Дар идомаи гузориш омадааст, ки неруҳои Саудӣ ноҳияҳои Марон ва Аз-Зоҳир дар вилояти Саъдаро низ бо мушак ҳадаф қарор додаанд.
Пеш аз ин низ шабакаи “Ал-Масира” хабар дода буд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии неруҳои Саудӣ бандари Ас-Салиф дар вилояти Ҳудайда ро бомбаборон кардаанд.
То кунун дар бораи талафоти эҳтимолӣ дар ин ҳамлаҳо аз ҷониби мақомоти Саудӣ иттилои расмӣ нашр нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кимиё Хотун: духтари Мавлоно ё зани фаромӯшшуда. Издивоҷи ӯ бо Шамси Табрезӣ ба як “сирри таърихӣ” табдил ёфт?
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”