Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Атлантик: Трамп пеш аз интихоботи миёндаврӣ ба дунболи ҳамла ба Эрон аст
Русия хатари ҳамагириро дар пайи марги корманди Институти тадқиқотии вабо рад кард
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар “Садовод” бо “либоси занона” боздошт шуданд
Додгоҳи Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар маркази савдои “Садовод” бо либоси занона гаштаанд, ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ва ихроҷ аз Русия маҳкум кардааст. Мақомоти Русия ин ду нафарро дар вайрон кардани моддаи 6.21-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия айбдор кардаанд.
Ба гуфтаи хадамоти муштараки матбуотии додгоҳҳои пойтахти Русия, ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 18-уми август дар ҳудуди Маҷмааи савдои «Садовод» бо либоси занона ҳузур доштаанд.
Мақомоти Русия иддао кардаанд, ки онҳо либоси худро ошкоро намоиш дода, амалҳоеро анҷом додаанд, ки аз ҷониби мақомоти Русия ҳамчун «таблиғи муносибатҳои ғайрианъанавии ҷинсӣ» арзёбӣ шудааст.
Додгоҳ ҳарду шаҳрванди Тоҷикистонро тибқи моддаи 6.21-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия гунаҳкор донистааст. Ба онҳо 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин шуда, ҳамзамон қарор дар бораи ихроҷи маҷбурӣ аз қаламрави Русия содир шудааст.
Парванда дар заминаи қонунгузории Русия сурат гирифтааст. Дар ин кишвар созмони байналмилалии ЛГБТ ҳамчун созмони экстремистӣ эътироф ва фаъолияташ мамнуъ шудааст.
Мақомоти Русия номи шаҳрвандони Тоҷикистонро нашр накардаанд. Ҳамчунин, маълум нест, ки онҳо пас аз анҷоми муҳлати ҳабси маъмурӣ кай аз Русия ихроҷ карда мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти сайёҳӣ вусъат меёбад
Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён «Садои дил» баргузор мегардад
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон