8 Октябр 2026,
панҷшанбе, 05:34, Душанбе
22.08.2026 15:25

Нетаняҳу: "Эрдуғон яҳудиситез ва саркӯбгар аст / Туркия ҳукми ҳабси Нетаняҳуро содир кард"

Туркия барои боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, бо иттиҳоми ҷиноят зидди башарият, наслкушӣ ва дигар ҷиноятҳо фармони байналмилалии боздошт содир кардааст. Ин тасмим дар пасманзари таҳқиқоти мақомоти Туркия дар бораи боздошти фаъолони корвони кумакрасон ба Ғазза гирифта шудааст.

Акин Гюрлек, вазири адлияи Туркия дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт, ки Нетаняҳу ва як шаҳрванди дигари Исроил ба наслкушӣ, маҳдудсозии шадиди озодӣ, шиканҷа ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд.

Ба гуфтаи мақомоти Туркия, тақрибан 430 фаъоли байналмилалӣ, ки бо як корвони кумакрасон аз Туркия ба сӯйи навори Ғазза ҳаракат мекарданд, моҳи май аз ҷониби неруҳои Исроил дар баҳри Миёназамин боздошт шуданд. Бархе аз иштирокчиён баъдтар аз хушунат ва муносибати таҳқиромез ҳангоми боздошт хабар доданд.

Пештар низ Туркия нисбат ба Нетаняҳу ва бархе аъзои ҳукумати Исроил бо иттиҳоми наслкушӣ дар ҷанги Ғазза фармонҳои боздошт содир карда буд.

Дафтари сарвазири Исроил дар вокуниш ба қарори Туркия гуфт, ки Исроил «аз риёкории Туркия» таъсир намепазирад.

Дар изҳорот Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, «диктатори яҳудиситез» номида шуда, ӯ ба саркӯби мардуми худ ва пуштибонӣ аз Ҳамос муттаҳам шудааст. Эрдуғон дар гузашта борҳо Нетаняҳуро ба «наслкушӣ» муттаҳам карда, ӯро бо Адолф Ҳитлер муқоиса кардааст.

Муносибатҳои Туркия ва Исроил аз замони ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ва оғози ҷанги Ғазза ба шиддати бесобиқа рӯ ба рӯ шудаанд.

Таниш миёни ду кишвар ахиран бар асари рӯйдодҳо дар Сурия низ бештар шудааст. Артиши Исроил рӯзи сешанбе ба пойгоҳи ҳавоии Абулзуҳур дар Сурия, воқеъ дар наздикии марзи Туркия, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод.

Исроил ин ҳамларо «ҳушдор» номид ва гуфт, ки Димишқ дар остонаи нақзи вазъи мавҷудаи мувофиқашуда дар масъалаҳои амниятӣ қарор дошт. Туркия ин гуфтҳоро рад карда, Нетаняҳуро муттаҳам кард, ки мехоҳад ҳамла ба пойгоҳро бо «иддаоҳои беасос» асоснок кунад.

Мақомоти Сурия низ гуфтаанд, ки ҳеч нақшае барои ҳузури доимии низомии Туркия дар ин пойгоҳ вуҷуд надорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.