8 Октябр 2026,
панҷшанбе, 05:35, Душанбе
21.08.2026 09:17

Миср, Қатар ва Туркия дар баёнияи муштарак ҳамлаҳои Исроил ба Ғаззаро шадидан маҳкум карданд

Миср, Қатар ва Туркия дар баёнияи муштарак ҳамлаҳои ахири Исроил ба Навори Ғаззаро шадидан маҳкум карда, аз нақзи пайдарпайи оташбас дар ин минтақа изҳори нигаронии ҷиддӣ карданд.

Дар баёнияи муштараки се кишвар гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои ахири Исроил боиси кушта шудани шуморе аз ғайринизомиён шудааст. Миср, Қатар ва Туркия таъкид кардаанд, ки идомаи ҳамлаҳои Исроил талошҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҳифз ва таҳкими оташбасро дар ин марҳилаи ҳассос заиф мекунад.

Се кишвар бори дигар бар зарурати пойбандии Исроил ба тамоми уҳдадориҳои худ дар доираи созиши оташбас дар Ғазза таъкид карда, хостори худдорӣ аз ҳар гуна иқдоме шудаанд, ки метавонад оташбасро заиф ё ба афзоиши танишҳо мунҷар шавад.

Дар идомаи баёния, Миср, Қатар ва Туркия аз ҷомеаи байналмилалӣ ва Шурои сулҳ таҳти роҳбарии президенти ИМА Доналд Трамп даъват карданд, ки бар риояи оташбас дар Ғазза назорат кунанд.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустии Фаластин эълом кард, ки бар асари идомаи ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза дар “24 соати гузашта 10 нафар кушта ва 25 нафари дигар захмӣ шудаанд”.

Баёнияи муштараки Миср, Қатар ва Туркия дар ҳоле нашр мешавад, ки нигарониҳо аз идомаи хушунат ва осеб дидани созиши оташбас дар Ғазза афзоиш ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.