8 Октябр 2026,
панҷшанбе, 05:35, Душанбе
12.08.2026 11:47

Дар ҳамлаҳои Амрико ба Яман 400 ғайринизомӣ кушта ё захмӣ шудаанд

Дар ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба Яман дар соли 2025 дастикам 150 ғайринизомӣ кушта ва 250 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Рӯзномаи “Вашингтон-Пост” субҳи рӯзи чоршанбе, 12-уми август, бо истинод ба гузориши Пентагон хабар додааст, ки дар маҷмуъ ҳади ақал 400 ғайринизомӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои Амрико ба Яман кушта ё захмӣ шудаанд.

Бар асоси гузориш, ин нахустин эътирофи ошкори Вазорати дифои Амрико дар бораи осеби қобили таваҷҷуҳ ба аҳолии ғайринизомӣ дар пайи ҳамлаҳои ин кишвар ба Яман аст.

Дар гузориши Пентагон омадааст, ки неруҳои Амрико ба беш аз 1000 ҳадаф дар Яман ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд. Ин ниҳод ҳамчунин, се мавриди осеб дидани ғайринизомиёнро муайян кардааст.

“Вашингтон-Пост” навиштааст, ки 15 мавриди дигари осеб дидани ғайринизомиён ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.