8 Октябр 2026,
панҷшанбе, 23:04, Душанбе
22.08.2025 17:02

Роҳбари ширкати сохтмоние барои аз худ кардани қариб 50 миллион сомонӣ боздошт шуд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошт шудани роҳбари ширкати сохтмоние хабар дод, ки қариб 50 миллион сомонии шаҳрвандонро аз худ кардааст.

Манбаъ менависад, ки Одинаев Содиқ Ҳикматуллоевич, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе, ки барои содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-тафтишотӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе  боздошт карда шуд.

Гуфта мешавад, ки Одинаев Содиқ зимни фаъолият ба ҳайси роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ "Ҷамол-Басир", беш аз 160 нафарро фиреб дода, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, маблағҳои калони пулии онҳоро аз худ кардааст.

Зикр мегардад, ки номбурда як манзили истиқоматиро ба чанд кас, аниқтараш аз 3 то 7 нафар ба фурӯш гузошта, дар ҳаҷми махсусан калон ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки зарари ба шаҳрвандон расонидаи Одинаев Содиқ наздики 50 миллион сомониро ташкил медиҳанд.

Гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

08.10.2026 15:40

Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён «Садои дил» баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-уми октябри соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони «Садои дил» баргузор мегардад.
08.10.2026 14:39

Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд

Имрӯз, 8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар шаҳри Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
08.10.2026 11:31

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

7-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза”-и Туркманистон иштирок намуд.
08.10.2026 09:39

Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Туркманистон рафтанд

Имрӯз, 8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.
08.10.2026 08:14

Атлантик: Трамп пеш аз интихоботи миёндаврӣ ба дунболи ҳамла ба Эрон аст

Маҷаллаи «Атлантик» ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ хабар додааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар пайи ёфтани гузинаҳое барои ҳамла ба Эрон пеш аз интихоботи миёндаврии ин кишвар аст.
08.10.2026 07:04

Русия хатари ҳамагириро дар пайи марги корманди Институти тадқиқотии вабо рад кард

Вазорати тандурустии Русия эълом кардааст, ки пас аз марги яке аз кормандони Институти тадқиқотии зидди вабои Иркутск дар Сибир ва Шарқи Дур - “Роспотребнадзор”, хатари вуқуи ҳамагирӣ дар ин минтақа вуҷуд надорад.
07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.